Интихоби профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё

1552

Имрӯз (25.09.2020) дар шаҳри Барнаули Федератсияи Русия Анҷумани 4-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё баргузор гардид. Дар кори ин Анҷуман роҳбарон ва намояндагони 104 муассисаи таҳсилоти олии касбии бонуфуз аз 11 давлати Осиё ширкат намуд. Дар Анҷуман ҳисоботи 2-солаи ДМТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, фаъолияти ДМТ, яъне дастовардҳои донишгоҳ дар самти таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналхалқӣ, ташкили кор, усулҳои идоракунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ғ. аз ҷониби аъзои Ассотсиатсия баҳои баланд гирифт. Дар натиҷаи овоздиҳии ошкоро ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихоб гардид.

Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ бо фараҳмандӣ аз ин хабар устоди муҳтарам профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтро барои интихоб шуданашон ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё табрику таҳният мегӯянд.