
Имрӯз (13.02.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, таъмин намудани интихоботи шаффоф ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми марти соли ҷорӣ таъин шудааст, ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Интихобот ва рушди демократия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гашт.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан гуфта шуд, ки баргузории интихоботи шаффофу демократӣ яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин раванд омили муҳим барои пешрафти ҷомеаи мо мебошад.
Таъкид шуд, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун заминаи муҳимми ташаккули давлатдории мустақил барои Тоҷикистон марҳилаи таърихии навро боз намуд. Дар ин замина интихоби роҳи демократии рушд тақозо менамуд, ки дар ташаккули ҳокимияти сиёсӣ иродаи мардум ба инобат гирифта шавад. Бо ин мақсад бунёди низоми нави сиёсӣ ва дар заминаи он таъсиси ниҳоди интихобот ҳамчун механизми татбиқи муносибатҳои демократӣ амалӣ гардид. Ниҳоди интихобот ҳамчун воситаи ташаккул ва таъмини қонунмандии ҳокимият дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайян намудани масири рушд ва суботи сиёсӣ дар давлат нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки «ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст». Муқаррароти конститутсионии мазкур барои баргузории раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун василаи баёни иродаи халқ замина гузоштааст.

Дар идомаи ҳамоиш раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода доир ба мавзуъҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва фарҳанги интихоботӣ сухан ронда, ба иштирокчиён иттилооти фарогир ва муфидро дар бораи тартибу қоидаҳои баргузории интихобот, инчунин, масъулияти шаҳрвандон барои таъмини шаффофият ва адолати ин маъракаи муҳимми сиёсӣ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ дар мавзуи “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ”, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ, дотсент Маҳмудов Изатулло Тешаевич оид ба мавзуи “Фарҳанги интихоботӣ” ва дотсенти кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистони ДМТ, номзади илмҳои сиёсӣ Раҷабов Имомиддин Ширинович дар мавзуи “Интихобот ҳамчун ифодаи фарҳанги сиёсӣ ва василаи таҳкими давлатдории миллӣ” маърӯза намуданд.