ИШТИРОК ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ СОЛИ 2023

624

Имрӯз (03.02.2023) дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар робита ба баргузории озмунҳоии ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат», ки дирӯз амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт қабул гардид, ҳамоиши оммавӣ баргузор шуд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оид ба муҳиммияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва омодагии дастаи донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои мазкур суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки иштирок дар озмунҳоии ҷумҳуриявӣ мояи ифтихор ва шараф мебошад. Зимнан таъкид шуд, ки бо ибтикори сиёсати дурбинона ва дирояти ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро ташкил намуд, ки он барои ҳадафҳои манфиатбахши давлату ҳукумат саривақтӣ мебошад.

Инчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ шудааст, ки он дар самти амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоид мебошад.

Ҳамзамон, гуфта шуд, ки таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳандозӣ шудааст. Он дар самти дарёфти истеъдодҳои нав, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, муаррифии фарҳанги волои тоҷик муҳим мебошад.

Дар ҳамоиш устодони донишгоҳ С. Эмомалӣ, М.Солиҳов ва М.Нарзиқул доир ба муҳиммияти баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва талаботи низомномаи онҳо суханронӣ намуданд.

Ректори донишгоҳ зимнан таъкид доштанд, ки донишҷӯён ва дигар кормандони донишгоҳ, ки бевосита дар озмунҳо иштирок менамоянд ва ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор мегарданд, ҳамзамон, устодоне, ки дар ин озмунҳо шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳои моддиву маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.