
Имрӯз (24.11.2025) таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин беш аз 1500 нафар устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар роҳпаймоии осоиштаи сокинони пойтахт, ки аз Майдони Истиқлол то майдони Парчами давлатӣ сурат гирифт, фаъолона иштирок намуданд. Роҳпаймоӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, инчунин тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳамбастагӣ байни шаҳрвандон роҳандозӣ шуд. Илова бар ин, дар майдони Парчами давлатӣ барномаи рангини фарҳангӣ ба ин муносибат баргузор гардид.








