ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЗМУНИ ««ТОҶИКОН»- ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ”

456

Дар доираи Нақшаи баргузории даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат” рӯзи сеюм аст, ки миёни донишҷӯёну магистрон ва устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ озмуни мазкр баргузор мегардад. Раванди баргузории озмун нишон дод, ки иштирокчиён бо омодагии ҷиддӣ ширкат меварзанд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки иштирокчиён адабиёти тавсияшавандаро дар баробари китоби “Тоҷикон” хуб мутолиъа намудаанд. Баромади иштирокчиён бори дигар аз муҳимияти омӯзиши ин китоби арзишманд гувоҳӣ дода, аҳаммияти онро дар такмили донишҳои таърихӣ таъсирбахш арзёӣ менамоем.

Дар раванди баргузории озмун мушоҳида шуд, ки аз ҷониби ҳайати доварон донистани маълумоти муфассал оид ба ҳаёт ва фаъолияти академик Б. Ғафуров, қобилияти нақлу тафсири сана ва воқеаҳои таърихӣ, қобилияти ровигӣ, донистани мероси таърихиву фарҳангӣ, сарчашмаҳои таърихӣ бештар ба назар гирифта шуда, интирокчиён маҳорати баланд нишон медоданд.