
Рӯзи 22 март дар «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид, ки дар он аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла аҳли раёсат, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Дар доираи фестивал аз ҷониби намояндагони Донишгоҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оину анъанаҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ доир шуд.
Бояд зикр намуд, ки фестивали мазкур соли ҳафтум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.