Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 30-юми июн бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар майдони 800-солагии Москваи пойтахт даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи рангҳо” доир гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, бонувону сокинони пойтахт, аз ҷумла устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Фестивали “Ҷилваи рангҳо” ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон, ҳамчунин, риояи тарзи пӯшидани онҳо дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе созмон дода шудааст.
Дар анҷом аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокчиён, аз ҷумла Донишгоҳ миллӣ, бо «Сипоснома» ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.