Имрӯз (10 .02.2025) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб ба роҳ монда шудааст. Ин намоиш-фурӯши китоб барои дастрасӣ ба китобҳои тозанашр беҳтарин имконият аст.
Бояд гуфт, ки рушди анъанаи китобдорию китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Президенти Тоҷикистон дониста мешавад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд, «мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ».
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476983226_1053005380176435_8882940365716012525_n.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476459929_1053005423509764_7016397684962075965_n.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476928208_1053005606843079_4616182870268245948_n.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476620806_1053005516843088_265994376538199677_n-1024x692.jpg)