ИШТИРОКИ МАСЪУЛИН ВА ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДМТ ДАР ФЕСТИВАЛИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ

198

Имрӯз масъулин ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ дар Фестивал-намоишгоҳи либоси миллӣ таҳти унвони “Ганҷинаи мерос”, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Ҳадаф аз он тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги миллӣ, махсусан либоси миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва муаррифии анъанаҳои нек буд.