Санаи 12-13 декабр дар шаҳри Москва аввалин Форуми байналмилалӣ “Екатеринский Форум-2023” баргузор гардид. Дар ин Ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи Президенти Федератсияи Россия, Вазорати корҳои хориҷии Россия, мутахассисони байналмилалӣ, коршиносони варзида иштирок доштанд. Дар кори ин чорабинӣ дар маҷмуъ 600 нафар ширкат карданд, ки аз ин шумора 70 нафар аз хориҷи дуру наздик ва беш аз 500 нафар аз манотиқи Россия ширкат варзиданд. Дар чорабинии мазкур Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғаффорзода И.Ғ муаррифӣ намуданд. Дар Ҳамоиш доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, инчунин стратегияҳои асосии ҳамкории байни донишгоҳҳо дар шароити геополитикаи муосир баррасӣ шуданд. Дар қисми ниҳоии Ҳамоиш ҷамъбасти Озмуни II байналмилалии «Лидерони дипломатияи ҷамъиятӣ» ва мукофотонидани ғолибон сурат гирифт.
Ашуралиева Шахзода