Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. ҷиҳати иштирок дар
Шурои XV конгресси ҳуқуқии Аврупову Осиё: «Байналмилалигардонии илм ва таълими ҳуқуқӣ» ба Федератсияи Русия сафар намуд. Шурои XV конгресси ҳуқуқии Аврупову Осиё дар сохторҳои мухталифи ФР, аз ҷумла дар пояи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал давоми рӯзҳои 9-10-уми июни соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур зиёда аз 1000 нафар мутахассисони соҳа, ки беш аз 700 нафари он ҳузур доштанд, ширкат варзиданд. Дар ҳамоиш мавзуъҳои мубрами илми ҳуқуқ ва масъалаҳои омӯзиши сатҳи байналмилалии он мавриди таҳлил қарор гирифт.
Дар зимн миёни донишгоҳҳои ҳамкор ва узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бораи фаъолияти Консорсиуми «Донишгоҳи ҳуқуқшиносии Аврупо-Осиё» тафоҳумнома ба имзо расид. Имзокунандагон донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқшиносӣ (факултетҳои ҳуқуқшиносии донишгоҳҳо)-и кишварҳои ҳамкор буданд. Ин Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал ба номи В. Ф. Яковлев, Донишгоҳи Русия-Арманистон, Донишгоҳи давлатии Беларус, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Қирғизистон, Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қарақалпоқ ба номи Бердақ, Донишгоҳи Каспий, Донишгоҳи Алихон Бокейхон буданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷараёни Шурои XV конгресси ҳуқуқии Аврупову Осиё: «Байналмилалигардонии илм ва таълими ҳуқуқӣ» бо рӯзноманигорон вохӯрӣ доир гардад. Муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. аз ҷумлаи баромадкунандагон буд, ки дар самти ҳамкориҳои гуногунсамтаи донишгоҳ ва рушди илму таълим дар он иттилоъ дод.
Ёдрас мешавем, ки дар ин масъала аз шуъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ хабар доданд.