ИШТИРОКИ ОМӮЗГОРОНИ ДМТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

290

Имрӯзҳо устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати муаррифии илми ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд. Муддатест, ки омӯзгорони донишгоҳ бо ихтирооти хеш дар форумҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Ҳоло устодони кафедраи химияи татбиқии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ёрмамадова С.Г. ва Давлатмамадова М.М. дар 13-умин Форуми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон дар давлати Кувайт қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки соли пеш дар 12-умин Форуми мазкур аз 45 давлати ҷаҳон 1559 нафар бо 1745 ихтироъ иштирок намуда буданд.

Ёрмамадова С.Г.-н.и.х., дотсент, иштирокчии 4 озмуни байналмилалӣ, дорандаи Шоҳҷоиза, медали тилло ва нуқраи Форуми байналмилаии занҳои ихтирокори ҷаҳон;Давлатмамадова М.М., н.и.х., муаллими калон, иштирокчии 4 озмуни байналмилалӣ, дорандаи 2 медали тилло ва 2 медали нуқраи Форуми байналмилаии занҳои ихтирокори ҷаҳон.