ИШТИРОКИ УСТОДИ ДОНИШГОҲ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ВОРОНЕЖ

313

Ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо макотиби олии мамлакатҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти рӯзмарраи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор меравад. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбари ректори донишгоҳ муҳтарам Хушвахтзода Қ.Х. баҳри тавсеаи ҳамкориҳо судманд бо донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

Аз санаи 15 то 18 ноябри соли 2023 бахшида ба 105-солагии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Воронеж конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзуи “Илмҳои ҳуқуқӣ ва масоили муосир: таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ” баргузор гардид, ки дар кори он устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, раиси дастаи олимпӣ Муродзода Умед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавсуф бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Моҳияти баҳсҳои ҳуқуқӣ – конститутсионӣ: таҳлили муқоисавӣ- ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия” баромад намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар конфронси мазкур зиёда аз 300 нафар олимону муҳаққиқон аз Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо иштирокчии ИДМ ширкат доштанд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи ин конфронс бо як қатор олимони варзида, аз ҷумла Старилов Ю.Н., Малко А.В., Рогачева О.С., Баев М.О. ва Бялкина Т.М., мубодилаи афкор сурат гирифт.

Барои беҳтар намудани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо як қатор намояндагони донишгоҳҳои давлатҳои аъзои ИДМ мулоқот ороста шуд. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо тарафҳо барои баргузории озмуну олимпиадаҳои муштарак ба тафоҳум расиданд. Ҳамзамон, барои иштироки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмунҳои дар пешистода даъватҳо ба амал оварда шуд.

Ҳамчун рамзи эҳтиром, ба роҳбарияти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Воронеж монографияи тозанашри “Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эҳёи давлату ҳуқуқи миллии тоҷикон”, ки аз ҷониби ҳайати устодону омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст, тақдим гардид ва дар китобхонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Воронеж ҷойгир карда шуд.