ЭҲСОНИ РЕКТОРИ ДМТ БА ДОНИШҶӮЁНИ ДДХ БА НОМИ М. НАЗАРШОЕВ

445

Ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар остонаи соли нави таҳсил ва дар арафаи Ҷашни Истиқлолият аз номи роҳбарият, раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳоди баъзе ҳадяҳоро ҳамчун амали хайрхоҳона анҷом доданд.

Ин иқдом дар доираи дастуру тасмимҳои Роҳбари давлат расонидани баъзе кумакҳо ба донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мебошад. Дар ин доира ба хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳи мазкур 10 адад плиткаҳои барқии замонавӣ ва зиёда аз ҳазор номгӯи китобҳои гуногун ҳадя карда шуд.

Чунин ғамхориву муносибат давоми сиёсати маорифпарваронаву инсондӯстонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки як омили қавии пешрафти ҳаёти иҷтимоист.

Ин тамоюл гувоҳи он аст, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо вуҷуди дар як минтақаи дурдасти куҳистон будан аз мадди назари Роҳбари давлат дур нест. Ин донишгоҳ бо фарогирии беҳтарин устодону донишҷуён он махзани илму дониш аст, ки дар оғуши худ садҳо ҷавононро ба таҳсил фаро гирифта, роҳи онҳоро дар ҳаёти минбаъдаашон мунаввар мегардонад.