Имрӯз (07.02.2025) дар ҳошияи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи «Нақши Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476105098_1050951097048530_8086006958445363704_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476137493_1050951187048521_4434663998748456973_n-1024x683.jpg)
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. баргузор гардид. Зимнан гуфта шуд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз аввалин ва таъсирбахштарин санадҳои ҳуқуқии таърих аст, ки барои шиносоии ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии шаҳрвандон, аз ҷумла озодии виҷдон, ҳуқуқи баробарии миллӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон кумак намуд. Ин эъломия асосҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсонро дар рӯйи замин ба вуҷуд овард ва барои рушди кишварҳо гуногун, аз ҷумла сохтори ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон, аҳаммияти махсус дошт. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат оид ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир тадбирҳои андешида, таъкид доштаанд, ки «Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем».
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476245834_1050951127048527_3133238696466102418_n-1024x683.jpg)
![](https://tnu.tj/wp-content/uploads/2025/02/476267445_1050951350381838_1232304389489828307_n-1024x683.jpg)
Дар идомаи чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Холиқзода Абдураҳим Ғаффордар мавзуи “Эъломияи Куруши Кабир: аввалин Эъломияи расмии ҳуқуқи инсон”, доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Расулиён Қаҳҳор Расул оид ба мавзуи “Андар шинохти чеҳраи воқеии Куруши Кабир”, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саъдизода Ҷаҳонгир дар робита ба мавзуи “Нақши Эъломияи Куруши Кабир дар ташаккул ва инкишофи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ” суханронӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Зикриоллоҳ Ҳакимов, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ иштирок ва барномаи рангинеро пешниҳоди тамошобинон намуданд.