ЭЪЛОН

18

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ба иттилоъи ҳайати профессорон ва омӯзгорон мерасонад, ки Донишгоҳи давлатии Чувашия дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи давлатии Гродненский ва Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд – 16 Конференсияи байналмилалии таълими-методиро дар мавзуи “Таҳсилоти олии муосир: мушкилоти замон ва роҳҳои ҳалли имрӯза” таърихи 3.10.2025 сол баргузор менамоянд.

Пешниҳод мегардад, ки ҷиҳати муҳокима кардани ҷараёнҳои муосири рушди таҳсилоти олӣ дар шароити дигаргуншавии ҷаҳонии иҷтимоиёт, сиёсат ва иқтисодиёт самтҳои нави рушди илм ва таҳсилоти муҳокима ва таҳия шавад. Аз ин ру, кори конференсия аз руи мавзуҳои зерин сурат мегирад:

  • Масъалаҳои ташкилии таҳсилоти олии муосир;
  • Технологияҳои муосири инноватсионӣ;
  • Шарикии МТОК бо истеҳсолкунандагон;
  • Фаъолияти илмии МТОК;
  • Сиёсати ҷавонон ва корҳои тарбиявӣ дар МТОК;
  • Таҳсилоти байналмилалӣ ва ҳамкориҳо;
  • Забони русси ҳамчун забони хориҷӣ;
  • Омузиши забонҳои хориҷӣ;
  • Таҳсилоти олии тиббӣ;
  • Ҷанбаҳои психологии таҳсилоти олӣ.

Барои иштирок дар конференсия муҳақиқони ҷараёни таҳсилот, омузгорони ҳамаи зинаҳо, кормандони идоракунанадаи соҳаи маориф, намояндаи корфармоён, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, магистрантон ва аспирантон даъват карда мешаванд.

Бо мақсади ба қайд гирифтани худ, пешниҳоди мақолаҳо ва аниқ кардани талаботҳои иштирок Шумо метавонед ба суроғаи электронии umkchgu@mail.ru бевосита мероҷиат намоед.