ЭЪЛОН

1153

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифа дар кафедраҳои зерин озмун эълон менамояд:

1.Вазифаи мудири кафедра барои кафедраҳои таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо, алгебра ва назарияи ададҳо, математикаи олии факултети механикаю математика, кафедраҳои физикаи ҳаста, физикаи умумӣ, физикаи назариявии факултети физика, химияи органикӣ, химияи татбиқӣ, химияи таҳлилӣ, технологияи истеҳсолоти химиявӣ, усули таълими химияи факултети химия, кафедраҳои ботаника, физиологияи растаниҳо, биотехнология, физиологияи одам ва ҳайвонот ва экологияи факултети биология, кафедраҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия, ҳуқуқи конститутсионӣ, назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ, кафедраҳои таърихи халқи тоҷик, таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ ва таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърих, кафедраҳои забони адабии муосири тоҷикӣ, назария ва таърихи адабиёти навини тоҷик, таърихи забон ва типология ва таърихи адабиёти тоҷики факултети филология, кафедраҳои матбуот, телевизион ва радиошунавонӣ ва журналистикаи байналхалқии факултети журналистика, кафедраҳои филологияи Эрон ва забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, кафедраҳои иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ ва идоракунии захираҳои инсонии факултети иқтисод ва идора, кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, кафедраҳои психология, таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва диншиносии факултети фалсафа, кафедраи мутолиоти аврупоии факултети муносибатҳои байналхалқӣ, кафедраҳои технологияи фарматсевтӣ ва фармакология, химияи фарматсевтӣ ва идораву иқтисодиёти фарматсевтӣ ва фармакогнозияи факултети фарматсевтӣ, кафедраҳои акушерӣ ва гинекологӣ, ҷарроҳӣ, морфологӣ, анатомияи одам, эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ, терапия, микробиология ва вирусология, физиология ва анатомияи патологӣ бо тиббӣ судӣ, ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ, стоматология, асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти факултети тиббӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ, педагогика, тарбияи ҷисмонӣ ва фалсафа (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмии доктори илм, профессор ва номзади илм, дотсент).

2.Вазифаи профессори кафедра барои кафедраҳои таърихи забон ва типологияи факултети филология (1 ҷой), физикаи умумӣ (1 ҷой), мошинҳои ҳисоббарор, шабакаҳо ва системаҳо (1 ҷой)-и факултети физика, идоракунии захираҳои инсонӣ (1 ҷой)-и факултети иқтисод ва идора ва кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ (1 ҷой)-и факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои дараҷаи илмии доктори илм).

3.Вазифаи дотсенти кафедра барои кафедраҳои метеорология ва климатология (1 ҷой), химияи органикӣ (1 ҷой), химияи ғайриорганикӣ (1 ҷой), химияи таҳлилӣ (1 ҷой)-и факултети химия, ботаника (2 ҷой), физиологияи одам ва ҳайвон (2 ҷой), биохимия (1 ҷой)-и факултети биология, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ (1 ҷой), геология ва менеҷменти маъдану техника (1 ҷой), геология ва иктишофи ККФ-и факултети геология (1 ҷой), таърихи халқи тоҷик (1 ҷой), таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (1 ҷой) ва таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърих (1 ҷой), минтақашиносии хориҷӣ (1 ҷой), мутолиоти шарқ (1 ҷой), дипломатия ва сиёсати хориҷӣ (1 ҷой)-и факултети муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқи гражданӣ (1 ҷой), ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (1 ҷой), забони хориҷӣ (1 ҷой), ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ (2 ҷой), криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ (1 ҷой), ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии (1 ҷой), ҳуқуқи конститутсионӣ (1 ҷой)-и факултети ҳуқуқшиносӣ, равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон (1 ҷой), сотсиология (2 ҷой), сиёсатшиносӣ (1 ҷой), диншиносӣ (1 ҷой), психология (1 ҷой), онтология ва назарияи маърифат (1 ҷой), таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ (1 ҷой)-и факултети фалсафа, забони русӣ (2 ҷой), забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ (2 ҷой)-и факултети филологияи рус, забони арабӣ (2 ҷой), забонҳои хориҷӣ (1 ҷой)-и факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, таърихи адабиёти тоҷик (1 ҷой), забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик (2 ҷой), назария ва таърихи адабиёти навини тоҷик (2 ҷой)-и факултети филология, идоракунии захираҳои инсонӣ (1 ҷой), иқтисод ва идораи корхонаҳо (1 ҷой), идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (1 ҷой), иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ (1 ҷой), менеҷмент ва маркетинг (2 ҷой)-и факултети иқтисод ва идора, баҳисобгирии бухгалтерӣ (1 ҷой), таҳлили иқтисодӣ ва аудит (2 ҷой), кибернетика ва иқтисоди рақамӣ (1 ҷой)-и факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ, молия ва суғурта (2 ҷой), фаъолияти бонкӣ (1 ҷой), идоракунии молияи давлатӣ (1 ҷой)-и факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраҳои умумидонишгоҳии фалсафа (1 ҷой), назарияи иқтисодӣ (1 ҷой), забони англисӣ (2 ҷой) (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои дараҷаи илмии номзади илм).

4.Вазифаи муаллими калони кафедра барои кафедраҳои таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо (1 ҷой), математикаи олӣ (1 ҷой), моделсозии математикӣ ва компютерӣ (1 ҷой), информатика (1 ҷой), математикаи ҳисоббарорӣ ва механика (1 ҷой)-и факултети механикаю математика, астрономия (1 ҷой), физикаи умумӣ (1 ҷой), физикаи назариявӣ (1 ҷой), метеорология ва климатология (1 ҷой)-и факултети физика, химияи ғайриорганикӣ (1 ҷой), химияи органикӣ (2 ҷой), химияи татбиқӣ (2 ҷой), технологияи истеҳсолти химиявӣ (1 ҷой), усули таълими химия (2 ҷой)-и факултети химия, экология (1 ҷой), зоология (2 ҷой), ботаника (2 ҷой), физиологияи одам ва ҳайвон (1 ҷой), биотехнология (1 ҷой)-и факултети биология, гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ (2 ҷой), геология ва менеҷменти маъдану техника (1 ҷой), геология ва иктишофи ККФ-и факултети геология (2 ҷой), таърихи халқи тоҷик (1 ҷой), таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ (1 ҷой) ва таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ (1 ҷой)-и факултети таърих, минтақашиносии хориҷӣ (2 ҷой)-и факултети муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ (1 ҷой), ҳуқуқи гражданӣ (2 ҷой), ҳуқуқи конститутсионӣ (3 ҷой), криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судӣ (2 ҷой), ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ (2 ҷой), ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ (1 ҷой), ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табии (1 ҷой), забони хориҷӣ (2 ҷой)-и факултети ҳуқуқшиносӣ, равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон (1 ҷой), сотсиология (3 ҷой), психология (2 ҷой), сиёсатшиносӣ (2 ҷой), диншиносӣ (1 ҷой), онтология ва назарияи маърифат (1 ҷой), таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа (4 ҷой), забони русӣ (3 ҷой), забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавӣ (1 ҷой)-и факултети филологияи рус, филологияи араб (1 ҷой), филологияи Эрон (1 ҷой), забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (1 ҷой), таърихи адабиёти тоҷик (1 ҷой), забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик (2 ҷой), забони адабии муосири тоҷикӣ (1 ҷой), назария ва таърихи ададбиёти навини тоҷик (1 ҷой)-и факултети филология, иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ (2 ҷой), менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идора (2 ҷой), баҳисобгирии бухгалтерӣ (1 ҷой), омор (2 ҷой), таҳлили иқтисодӣ ва аудит (1 ҷой), кибернетика ва иқтисоди рақамии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ (3 ҷой), молия ва суғурта (2 ҷой), идоракунии молияи давлатӣ (3 ҷой)-и факултети молиявию иқтисодӣ, кафедраҳои умумидонишгоҳии забони англисӣ (3 ҷой), забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ (3 ҷой), назарияи иқтисодӣ (2 ҷой), тарбияи ҷисмонӣ (4 ҷой) (аз ҷумлаи омӯзгорони дорои дараҷаи илмии номзади илм ё собиқаи омӯзгории на камтар аз 5 сол дар Донишгоҳ).

Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз 18.11.2021 то 18.12.2021 муқаррар карда шавад.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин (дар ду нусха) қабул карда мешаванд:ариза ба номи ректор, барномаи довталаб оид ба ишғоли вазифаи мудири кафедра (танҳо барои довталабони мудири кафедра), рӯйхати тасдиқшудаи корҳои илмӣ-методӣ, варақаи шахсӣ, нусхаи дипломи таҳсилоти олӣ, дипломҳои дараҷаи илмӣ, аттестати унвони илмӣ, тавсифнома, ҳолнома ва ҷувздон.

Нишонӣ:734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳуҷраи №5 (Тел: 221-74-22, 2219004, 93-583-76-76, 907-32-59-58).