ЭЪЛОН!

448

Устодон, кормандон ва хатмкунандагони гиромӣ!

 эълон!

Oид ба интихоб намудани тарҷумони лоиҳаи “Беҳтар намудани ҷараёни таълим ва васеъ кардани имкониятҳои (ба кор таъминкунии) хатмкунандагон”.

Ба диққати тамоми устодон, унвонҷӯён, хатмкунандагон, магистрон, дотсентон ва профессорони ДМТ расонида мешавад, ки бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ барои интихоб кардани тарҷумони  лоиҳаи дар боло зикргардида озмун эълон менамояд. Озмуни мазкур санаи 15.01.20 то 15.02.20 дар бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ гузаронида мешавад.

Дар озмуни мазкур шартҳои зерин пешбинӣ гардидааст:

  1. Доштани салоҳияти тарҷумонӣ;
  2. Таҷриба на кам аз як сол дар соҳаи тарҷумонӣ;
  3. Доштани таҷрибаи корӣ оиди тарҷумаи ҳуҷҷатҳои расмӣ.

Дар озмун иштирокчиён метавонанд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешро, аз қабили нусхаи шиноснома, диплом, ҳолнома (CV), сертификат пешниҳод намоянд.

 Маълумоти бештарро Шумо метавонед аз бахши идоракунии лоиҳаҳои ДМТ, 3-юм ошёна,  утоқи 63 – юм ДАСТРАС НАМОЕД.