ЭЪЛОН. ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОН

1044

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони ҷавон, тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии шуъбаҳои рӯзонаи хатми соли таҳсили 2021-2022 дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ дар донишгоҳ гузаронида мешавад.

Мутобиқи банди 3-и «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, №262), «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади амалӣ намудани фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.02. 2022, таҳти №165 ва фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аз 17.03.2022, таҳти № 127-6 тақсимоти мутахассисони ҷавон бароҳ монда мешавад.  

ҶАДВАЛИ ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОН