ЭЪТИРОФИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙИ НАЗДИ ДМТ

384

Имрӯз (07.12.2023) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи тантанавии донишкадаҳои Конфутсий баргузор гардид, ки дар зимн ба зумрае аз намояндагону роҳбарони донишкадаҳои Конфутсий барои фаъолияти пурсамар шаҳодатномаҳо дода шуд. Дар ин ҳамоиши сатиҳи байналмилалӣ намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ фаъолияти зумрае аз донишкадаҳо, аз ҷумла Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ баҳогузорӣ ва қадрдонӣ гардид. Яке аз самтҳои фаъолияти донишкадаи мазкур ин иҷрои Барномаи имтиҳонҳои муайянкунандаи сатҳи забони чинӣмебошад, ки он як санҷиши стандартишуда буда, барои муайян намудани сатҳи забони чинии омӯзандагон муқаррар шудааст. Имтиҳони муайянкунандаи сатҳи забони чинӣ (HSK) ҳамасола дар вақтҳои муайян ҳам дар дохили Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳам дар хориҷи он, аз ҷумла дар пояи Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ баргузор карда мешавад. Довталабоне, ки дар имтиҳонҳои мазкур натиҷаи муайянро ба даст меоранд, метавонанд соҳиби “Шаҳодатномаи забони чинӣ”-и сатҳи муайян гарданд. Имтиҳонҳои HSK аз санҷиши хаттӣ ва санҷиши шифоҳӣ иборат аст.

Дар ин чорабинии пуршукӯҳ самти фаъолияти донишкада аз ин ҷиҳат баҳогузорӣ шуда, Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ соҳиби Шаҳодатномаи “Беҳтарин маркази қабулкунандаи имтиҳонҳо” миёни 550 маркази Конфутсий гардид. Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар давраи фаъолият бори чорум аст, ки бо чунин шаҳодатномаи сатҳи байналмилалӣ шарафёб мегардад.

Ёдрас мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 2008 дар заминаи ДМТ Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий таъсис дода шудааст. Имрӯз Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ташвиқу тарғиби фарҳанги бойи Тоҷикистону Чин ва рушди забони чинӣ нақши назаррас гузошта истодааст.