КАФЕДРА ДАР САМТИ ТАҲКИМИ ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ БОЯД ПЕШСАФ БОШАД

308

Зимни вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа масъалаҳои гуногуни фаъолияти кафедраи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласа вобаста ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, устодону кормандони кафедра дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан гуфта шуд, ки барои сайқал додани донишҳои замонавӣ ва тарбияи дурусти донишҷӯён дар руҳияи ватанпарастӣ, фарҳанги маънавӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва дигар арзишҳои маънавӣ тадбирҳои муҳим андешида шуда, фаъолияти кафедраи мазкур дар ин самт ҷоннок карда шавад.

Дар идома Ректори донишгоҳ аз фаъолияти самтҳои гуногуни кафедра, аз ҷумла иҷрои барномаҳои давлатӣ, омӯзиши таҷрибаи пешрафта, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи китобу барномаҳои дарсӣ, инчунин, сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба коллективи кафедра тавсияҳои судманд дод.

Зимнан таъкид шуд, ки омӯзгорон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию инсонпарварии донишҷӯён-ҷавонон, таҳкими идеологияи миллӣ, инчунин, омода намудани мақолаҳои ватандӯстона муваззаф мебошанд ва пайваста дониши худро мукаммал созанду аз усулҳои муосири таълиму тарбия кор гиранд.