Кафедраи электроникаи физикӣ

Мудири кафедра

номзади илмҳои техникӣ , дотсент

Ҳамроқулов Р.

  Кафедраи электроникаи физикӣ соли 1990 дар асоси ихтисоси радиофизика ва    электроника, ки ҳанӯз соли 1980 дар факулта кушода шуда буд, таъсис дода шудааст.  Мудири аввалини он профессор Fафуров В.F. буд. Аз соли 1998 то соли 2009 ва аз соли  2013 то 2017 мудири кафедраро номзади  илмҳои техникӣ, дотсент Гадоев С.М иљро менамуд. Аз соли 2017 то  ин ҷониб роҳбарии кафедраро номзади  илмҳои физикаю математика, дотсент Ҳамроқулов Р.  ба уҳда дорад. Аз соли 2009 то соли 2012  дотсент Азизов К.Ҷ. ин вазифаро ба уҳда дошт. Ҳоло дар кафедра як нафар профессор Султонов Н.С., 5 нафар дотсентон:  Гадоев С.М., Акобирова А.Т., Хоҷаев Т.А.,  Fафуров О.В., Хамроқулов Р. ва 3 ассистентон Наимов У.Р., Давлатов М.,Одинаев С. кор ва фаолият менамоянд.

 Аз бахши фанҳои умумикасбӣ 14 фан ва аз чор фанни интихобӣ устодони кафедра дарс мегӯянд. Бахши фанҳои тахассусӣ 8 фанро дар бар мегирад. Аз фанҳои умумикасбӣ дар 9 фан ва аз фанҳои тахассуси дар 6 фан корҳои лабораторӣ гузошта шудааст.

 Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ду самт иҷро мешаванд ва рохбари ин самтҳои илми  дотсент Гадоев С.М. мебошад.Самти аввал ба омӯзиши таъсири омилҳои беруна ба маводҳои нимноқилӣ ва асбобҳои дар асоси онҳо сохташуда тааллуқ дошта, самти дигар ба сохтани асбобҳои детекторӣ ва фотоэлементҳои дар асоси пайвастагиҳои нимноқилҳои поликристаллӣ бахшида шудааст. Устодони кафедра ба ихтирокорӣ низ рағбат доранд. Масалан, ихтирои Акобирова А. ва Обухов Ю.В. таҳти №1794 323А3 дар мавзӯи «Тарзи тайёр кардани пардаҳои детектории нурафкании ионизатсионӣ дар асоси теллуриди кадмий» ва ихтирооти Гадоев С. ва Скоробогатов П.К. дар мавзӯи «Такт –ПЗУ 256КР» ба қайд гирифта шудаанд.

            Аз тарафи устодони кафедра, дотсент Гадоев С.М. дастури таълимии «Асбобҳои оптоэлектронӣ», «Контрольно измерительная работа», «Твердотельная электроника», «Основы микросхемной  практики», проф.Султонов Н. «Асосҳои электроника»- қисми 1,2  проф.Султонов Н., дотсентон Азизов К.Ҷ, Акобирова А.Т. ва муаллими калон Ҳамроқулов Р.Б. «Корҳои лабораторӣ аз радиоэлектроника»- қисмҳои 1-2, дастури таълимӣ аз тарафи дотсент Хоҷаев Т.А. ва муаллими калон  Ғафуров О.В. «Корҳои озмоишӣ аз курси махсус» (физикаи тобишзо) нашр шудаанд.  

АЛОҚАҲОИ ИЛМӢ:

  1. Институти физикаю техники ба номи С.У.Умаров.
  2. Институти ҳаставии ш.Санкт-Петербург, Федератсияи Россия

III. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.

  1. Донишгоҳи славянӣ – тоҷикӣ.
  1. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ.
  2. Донишкадаи технологии Тоҷикистон.

VII.Институти муттаҳидии тадқиқотҳои ҳастаӣ, шаҳри Дубна, Федератсияи Россия.