Шўъбаи радиохимияи элементҳои нодир ва парокандаи факултети химия дар натиҷаи бозсозии лабараторияи проблемавии радиохимияи элементҳои нодир ва пароканда мутобиқи қарори Комитети давлатӣ оид ба илм ва техникаи СССР аз 26.12.1964, протоколи № 87 ва фармони Ректори донишгоҳ таҳти № 829 аз 05.07.1963 ба фаъолият оғоз намуд. Созмондиҳандаи лабаратория ва мудири он аз соли 1965 то соли 1980 дотсент А.И. Новиков буд. Дар шуъбаи маскур тадқиқотчиён Ганчарова Любов Константиновна – н.и.х., Егорова Лидия Александровна –н.и.х., Щекатурова Екатерина Константиновна –н.и.х., Самойлова Валентина Федоровна –н.и.х., Элназаров Султон Элназарович –н.и.х., Пягай Петр Николаевич –н.и.х. ва кормандони ёрирасон Закревская Т.М., Гришанов В.Ф., Ҳусайнов А.Д., Достиев Ш. Эшбеков Н., Раҷабова М. ба омузиши проблемавии радиохимияи элементҳои нодир ва парешон машѓул буданд. Аз соли 1981 лабаратория ба шўъба табдил ёфт, ки мудираш аз он сол то соли 2008 н.и.к., дотсент Ҳомидов Б.О. буд. Баъди мустақиляти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорат ва нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ мутахасисони варзида намерасиданд. Аз ин сабаб дар асоси фармони Ректори Донишгоҳ таҳти № 239-9 дар моҳи июли соли 1994 дар пояи шўъбаи радиохимияи элементҳои нодир ва парешон кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо таъсис дода шуд. Татқиқоти шўъба ва кафедра ба ҳалли ду мушкилот, радиохимияи умумӣ ва радиохимияи татбиқӣ бахшида шуда буд. Дар муддати фаъолияти кафедраи химияи татбиқӣ ва радиохимия ва шўъба зиёда аз 12 номзади илми химия тайёр карда шуда аст. Бо фармони Ректори донишгоҳ таҳти № 550-09 аз 09 ноябри соли 2009 кафедраи усули таълими химия ва кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо мутобиқи банди 100-и Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ бо мақсади амалӣ намудани қарори ҷаласаи Шўрои олимони Донишгоҳ аз 30.09.2009 суратмаҷлиси №3 муттаҳид карда шуданд. Кафедраи навтаъсис номи кафедраи тахассусии «Химияи татбиқӣ» – ро гирифт. Дар вобастагӣ бо ин, талаботи замон ва инчунин барои иҷроиши барномаи ҳукумати оиди зина ба зина гузаштани корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашёи хоми маҳаллӣ кормандони кафедра самти фаъоляти илмияшонро таѓйир доданд. Равияи кори илмии кафедра ба таҳияи технологияи коркарди маъданҳои маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолии саноати химияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани корхонаҳои истеҳсолӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ равона шудааст. Дар пояи кафедра мактаби илмии д.и.т., профессор Рузиев Ҷ.Р. амал мекунад, ки бо ҳамроҳии шогирдонаш ба омузиш ва таҳияи технологияи коркарди маъданҳои маҳаллӣ ва партовҳои истеҳсолӣ машѓуланд. Аз соли 2009 инҷониб дар кафедра 1- доктори илмҳои техникӣ, 5 – номзади илм корҳои илмияшонро ҳимоя намуданд. Инҳо Рузиев Ҷ.Р. – д.и.т., Тураев С.С. – н.и.т., Раҷабов Ш.Х. – н.и.т., Қурбонова Ҳ.Р. – н.и.т., Мудинов Х.Ғ.- н.и.х., Давлатмамадова М.М. – н.и.т., мебошанд. Натиҷаҳои татқиқоти илмии кормандон ва омўзгорони кафедра ҳамасола дар конфронсҳои сатҳи гуногун ва маҷалаҳои илмӣ байён гашта, бо 30 шаҳодатномаи ихтириоот ва санадҳои татбиқи корҳои илмӣ дар истеҳсолот ҳимоя шудаанд. Кафедра мутахасисони соҳаи илм ва истеҳсолот “Химик тадқиқотчӣ”- ро омода мекунад, ки хатмкунандаҳои он дар корхонаҳои гуногуни ҶТ фаъолият мекунанд. Ҳар сол зиёда аз 40 нафар донишҷўёни ихтисоси химияи татбиқӣ бо роҳбарии устодони кафедра лоиҳа ва кории дипломиашонро иҷро мекунанд. Мудирони кафедра: Ҳомидов Баҳром Одинаевич ташкилкунандаи кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо буда, аз соли ташкилшавии кафедра (соли 1994) то соли 2008 роҳбарии онро ба уҳда дошт. Аз мохи марти соли 2008 то 30.09.2009 вазифаи мудирии кафедраро дотсент Қудратова Латофат Ҳусейновна ба уҳда дошт. Аз 30. 09. 2009 то 26.08.2016 вазифаи мудири кафедраи химияи татбиқиро дотсент Ҳусайнов Аваз Додоевич адо намудааст. Аз 26.08.2016 то айни замон дар вазифаи мудири кафедраи химияи татбиқӣ дотсент Рафиев Рустам Сафаралиевич фаъолият мекунад. Омўзгорону кормандони имрўзии кафедра инҳоянд: мудири кафедра дотсент Рафиев Р.С., профессор Рузиев Ҷ.Р., дотсент Ёрмамадова С.Г., асистентон н.и.х. Мудинов Х.Ғ., н.и.т. Қурбонова Ҳ.Р., н.и.т. Давлатмамадова М.М., докторанти PhD – и кафедра Аҳмадшоев И. Дар таъмини пурсамари раванди таълим кормандони ёрирасон мудири лабораторияҳои таълимӣ Бойназарова Қ.У. лаборантон Раҳимова М.К., Нурова С.Н. саҳм мегузоранд.
Домой Кафедраи кимиёи татбиқӣ