Кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит

Кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ ва аудит» зерсохтори таълимӣ-илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамчун воҳиди мустақил дар факултети баҳисобгирию иқтисодӣ аз 17-уми марти соли 1983 фаъолият менамояд. Кафедра корҳои таълимӣ, методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, тарбиявиро миёни донишҷӯён, магистрон, аспирантон ва докторантҳо аз рӯйи ихтисос (PhD) ба роҳ мондааст. Мақсади ниҳоии кафедра омода намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Дар кафедра комиссияи методӣ ва маҳфили илмии донишҷӯён “Аудитори ҷавон” амал мекунад. Бо сабаби гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилоти олии касбӣ дар кафедра бакалавр ва магистр аз рӯи ихтисоси 1-25011100 «Аудит ва резвизия» омода карда мешавад.

Санаи 17-уми марти соли 1983 “Кафедраи таҳлили иқтисодӣ” бо Қарори Шўрои олимони Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин аз ҳайати кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ҷудо гардид ва сарварии он ба зиммаи н.и.и., дотсент Қазоқбоев Т.Ѓ. гузошта шуд.

Баъди ба нафақа баромадани н.и.и., дотсент Қазоқбоев Т.Қ. соли 1994, н.и.и., дотсент Қурбонов С.Ҳ., ба кафедра сарварӣ намудааст.

Моҳи августи соли 1995 вобаста ба талаботи иқтисодиёт кафедраи “Таҳлили иқтисодӣ” ҳамчун кафедраи “Аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ” номгузорӣ карда шуд ва сарварии онро н.и.и., дотсент Комилов Ш.Ҷ. ба ўҳда гирифт. Бо қарори Шўрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 29-уми декабри соли 2006 таҳти №04 ва фармони ректори донишгоҳ таҳти №17-09 аз 11-уми январи соли 2007 номи кафедра аз «Аудит ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ» ба «Таҳлили иқтисодӣ ва аудит» иваз карда шуд.

Баъди ба охир расидани ваколати мудирии н.и.и., дотсент Комилов Ш.Ҷ. соли 2008, н.и.и., дотсент Иброҳимов И.Р. дар муддати 4 моҳ сарварии кафедраро ба ўҳда дошт. Аз соли 2009 то санаи 05 сентябри соли 2011 вазифаи мудири кафедраро д.и.и., профессор Қурбонов А.К. иҷро намудааст.

Аз санаи 6 сентябри соли 2011 то 10 феврали 2012 вазифаи мудири кафедраро н.и.и., дотсент Мирзохонов С.О. ба зимма дошт. Аз моҳи феврали соли 2012 то 01 марти соли 2016 н.и.и., дотсент Барфиев Қ.Х. кафедраро роҳбарӣ намудааст. Аз моҳи марти соли 2016 то имрӯз д.и.и., профессор Низомов С.Ф. вазифаи мудирии кафедраи мазкурро ба ўҳда дорад.

Дар давраҳои гуногун дар кафедра устодони зерин фаъолият намудаанд: Ҳафизов Ҷ.Л., Қаюмов Н.Қ., Вышемирская Н.А., Ғаффоров Т.Ғ., Машрабов М.М., Комилов Ш.Ҷ., Акобиров З.Н., Оленич (Редина) Л.И., Қурбонов З.Қ., Зелнер Е.Я., Қурбонов С.Ҳ., Давлатов И.Ҳ., Исматов А.Ҳ., Борисова Л.И., Раҳимбоев С., Мадраҳимов М., Раҳимов Н.К., Нарзуллоев З.Р., Қодирова Г.Т., Алиев О.М., Ҳофизов И.Ҳ., Иброҳимов И.Р., Барфиев Қ.Х., Мирзохонов С.О. ва дигарон.

Айни замон устодони зерин дар кафедраи “Таҳлили иқтисодӣ ва аудит” кору фаъолият менамоянд: д.и.и., профессор Низомов С.Ф., д.и.и., профессор Қурбонов А.Қ., н.и.и., дотсент Калемуллоев М.В., н.и.и., дотсент Тоҳирова Р.С., н.и.и., ассистент Ғафоров Ф.Ф., н.и.и., муаллими калон Шоймардонов Ҳ.Қ., ассистентон Бадалов Ш.Қ. ва Ғаниев У.Ф.

Кафедраи “Таҳлили иқтисодӣ ва аудит”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст, ба монанди, Донишкадаи Молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия (ш. Москва), Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии аграрии Воронеж ба номи император Пётри I, Донишгоҳи молиявӣ-иқтисодии ш. Ленинград (Санкт-Петербург), Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал (ш. Екатеринбург), Донишгоҳи миллии Техникии ш. Лутск (Украина), Академияи иқтисодии Молдова, Донишгоҳи байналмилалии ба номи К.Ш. Токтомаматов (ш. Ҷалолобод), Донишгоҳи давлатии Ош, Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагын (ш. Бишкек), Донишгоҳи славянии Қирғизистону Руссия ба номи Б.Н. Елтсин (ш. Бишкек) ва ғайраҳо.

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ ВА АУДИТ