Кафедраи усули тадриси кимиё

КАФЕДРАИ УСУЛИ ТАЪЛИМИ ХИМИЯ

Мудири кафедра н.и.х., дотсент Қурбонова М.З.

 Кафедраи усули таълими химия моҳи июли соли 1969 дар асоси кафедраи химияи ғайриорганикӣ таъсис дода шуд. Барои созмон додан ва мудирии кафедра аз Институти химияи АИ РСС Тоҷикистон корманди институт н.и.х. Азизов Насрулло Азизович даъват карда шуда буд. Кафедраи навтаъсис иборат аз 5 воҳиди корӣ буд. Ба ғайр аз мудири кафедра дар он боз муаллимони калон Янушевская Э.Ф., Болдырева Л.В., ассистентҳо Абдуллоева О.А. ва Ҳомидов З.Ҳ. кор ва фаъолият мекарданд.

Баъдтар дар кафедраи навтаъсис лабораторияҳо, хонаи омӯзгорон ва хонаи нигоҳдории реактивҳо ва маводҳои таълимиро ташкил намуданд. Дар кафедра бо сарварии омӯзгорони варзида ба монанди Болдырева Людмила Васильевна (аз фанҳои технологияи химиявӣ, химияи ғайриорганикӣ), Лучникова Нелля Поликарповна (номзади илмҳои химия, аз фаннҳои таърихи химия ва экологияи химиявӣ), Кузнецова Нина Александровна (номзади илмҳои педагогика аз рўи ихтисоси 13.00.01 – усули таълими химия, фанњои УТХ, муътадил ва самаранокгардонии раванди таълим, курсҳои махсуси УТХ), дотсент Ҳомидов Зариф Ҳомидович бо ихтисоси химик-технолог (аз фанҳои технологияи умумии химиявӣ, экологияи химиявӣ ва муҳофизати меҳнат ва фаъолияти бехатарии ҳаёт), Қобилов Нарзулло Қобилович номзади илмҳои химия (усули таълими химия, курсҳои махсуси УТХ), Егани Эффат Аббосовна (аз фанҳои технологияи химиявӣ, экологияи химиявӣ), Султонбеков Ғайрат (аз фанҳои технология, химияи ғайриорганикӣ) ва дигар кормандон самаранок фаъолияти педагогӣ мебурданд.

Инчунин муаллимони кафедра дар шуъбаи тайёрии донишгоҳ дарс гуфта, ҳамчунин дар гузаронидани олимпиадаҳои мактабӣ марбут ба химия фаъолона иштирок мекарданд. Онҳо дар пажуҳишгоҳҳои шаҳрӣ ва Марказии муаллимон тадрис мекарданд. Баъдтар ба кори кафедра устодон Лучникова Н.П., Егани Э.А., Қосимова С.И., Усмонова М.Х., Кузнецова Н.А. ва кормандони ёрирасон Тиллохонова М.М., Назирова Л.Ф., Татарова Е.В., Фролова Н. дар пешрафти назариявӣ ва амалии тайёр намудани кадрҳои педагогӣ саҳми худро гузоштанд. Кафедра дорои кабинет-озмоишгоҳ ва китобхона буда, инчунин бо маводи дидактикӣ ва василаҳои техникӣ муҷаҳҳаз аст.

Ба зиммаи омӯзгорони кафедраи усули таълими химия ва сарвари он Азизов Насрулло Азизович ташкил ва гузаронидани олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз химия, бурдани дарсҳои телевизионӣ дар студияи таълимии “Дониш”, гузаронидани дарсҳо ба муаллимони фанҳои химия ва биология дар донишкадаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузошта шуда буд.

Аъзоёни кафедра ин корҳоро бо маҳорати баланди методӣ, педагогӣ, илмӣ ва амалӣ иҷро менамуданд. Дарсҳои телевизиониро аз фанни химия дар давоми зиёда аз 10 (аз соли 1980-1990) сол дотсенти ин кафедра Қобилов Нарзулло ва шогирдонашон Холиқова Лутфия ва Бобоева Барфинисо ва дигарон бо маҳорати баланд ва шавқовару диққатҷалбкунанда мегузарониданд.

Кафедра бо мактабҳои олии омўзгории Санкт-петербург, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии педагогии ш. Тоболск иртиботи қавӣ дорад. Самти асосии омўзиши илмӣ-методии кафедра марбут ба «Такмили таркиб ва усули тайёр кардани муаллимони химия» мебошад. Дар тўли ин солҳо вазифаи мудири кафедраро инҳо иҷро кардаанд: н.и.х., дотсент Азизов Н.А. (сс.1969-1979); н.и.х., дотсент Лучникова Н.П. (сс.1979-1989), н.и.х. дотсент Қобилов Н.Қ. (сс.1989-1994). Аз соли 1994 то ноябри соли 2009 вазифаи мудирии кафедра ба ўҳдаи н.и.х., дотсент Расулов С.А. буд.

Бо фармони ректори Донишгоњ таҳти №550-09 аз 09 ноябри соли 2009 кафедраи усули таълими химия ва кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо мутобиқи банди 100-и Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ бо мақсади амалӣ намудани қарори ҷаласаи Шўрои олимони Донишгоҳ аз 30.10.2009 суратмаҷлиси №03 муттаҳид карда шуданд. Кафедраи навтаъсис номи кафедраи тахассусии «Химияи татбиқӣ» – ро гирифт ва вазифаи мудири кафедра ба ўҳдаи н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д. гузошта шуд.

Дар кафедраи навтаъсис омўзгорон ва кормандони зерин фаъолият карданд: мудири кафедра н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д., дотсентон: Расулов С.А., Рўзиев Ҷ.Р., Қурбонова М.З., Акбарова М.М., муаллими калон: Раҷабова М.Н. ассистентон: Каримов Р.Қ., Тураев С.С., Рафиев Р.С., Ёрмамадова С.Г. мудири озмоишгоҳи таълимӣ: Абдурасулова Р.Т., кормандон: Қудратова С.Ҳ., Раҳимова М., Бойназарова Қ., Маликова Ф.А., Давлатмамадова М., Қурбонова Н. ва Достиев С.М.

Мутобиқи банди 118-и «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», банди 53-и «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади татбиқи қарори Шўрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 29–уми майи соли 2012, суратмаҷлиси №14 бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 14.09.2012 таҳти №269-09 кафедраи усули таълими химия аз нав барқарор ва мудири он н.и.х., дотсент Холиқова Л.Р. таъин карда шуд. Кафедраи усули таълими химия дар ҳайати 4-номзади илм, дотсент, 2–ассистент, 1-мудири озмоишгоҳи таълимӣ, 2–лаборант – ҷамъ 9 воҳиди корӣ фаъолият мекунад.

             Соли 2016 бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 28.08.2016 таҳти №206-6 ба вазифаи мудирии кафедраи усули таълими химия н.и.х., дотсент Қурбонова М. З. таъин карда шуд.

Айни ҳол дар кафедраи усули таълими химия омўзгорон ва кормандон: мудири кафедра н.и.х., дотсент Қурбонова М.З., дотсентон Холиқова Л.Р., Расулов С.А., Акбарова М.М., ассистентон Каримов Р.Қ., Ёров М.Ё., мудири озмоишгоҳи таълимӣ Абдурасулова Р.Т., лаборантон Ҷумъаева М.Б., Назарова М.Т., Аловиддинова Ш.А. ва Халилова М. бо корҳои илмию омўзгорӣ машғуланд. Устодони кафедра дар зинаи бакалавриат, мутахассис ва магистрҳо (барои донишҷўёни факултетҳои химия ва биология) аз фанҳои Усули таълими химия, Усулҳои ҳалли масъалаҳои химиявӣ, Мўътадил ва самаранокгардонии раванди таълим, Экологияи химиявӣ, Тариқаҳои математикӣ дар равандҳои химиявӣ, Методология ва таърихи химия, Усулҳои физико-химиявӣ дар биотехнология ва ғайра дарс мегўянд.

Дар муддати 50-сол аз тарафи устодони кафедра 10 – китоби дарсӣ зиёда аз 70 дастурҳои методӣ ва васоити таълимӣ нашр карда шудааст.

Шогирдони кафедра дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун омўзгорони пурмаҳсул фаъолият доранд. Аксари онҳо дорои нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Хизмати шоиста» мебошанд. Устод Расулов С.А. яке аз методистони варзидаи кишвар ва берун аз он мебошанд, ки дар тайёр намудани барномаҳои қабули довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда ва калидӣ доранд. Соли 2007 бошад дотсент Қурбонова М.З. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шудааст.

Муаллимони кафедра ба монанди Расулов С.А. ва Холиқова Л.Р. дар шўъбаи тайёрии донишгоҳ дарс гуфта, ҳамчунон дар гузаронидани олимпиадаҳои фаннии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии хонандагони МТМУ ва литсейҳо марбут ба химия фаъолона иштирок мекунанд. Чандин солҳо барои ташкил ва гузаронидани имтиҳоҳҳои қабул ва олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми устоди кафедра Расулов С.А. хело калон аст. Ҳар сола аз тарафи устод бештар аз 15 варианти китобчаҳои тестӣ аз фанни химия барои довталабагон тартиб дода мешавад.

Мудири кафедра Қурбонова М.З. низ котиби илмии Шўрои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ўҳда дорад

Устодони кафедра дар пажуҳишгоҳҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва Марказии муаллимон дар курсҳои такмили ихтисос барои омўзгорони мактабҳои олӣ ва муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс медиҳанд.

Дар пояи фаъолияти кафедра якчанд семинарҳои илмӣ – методӣ ва конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ гузаронида шудааст. Соли 2009 конференсияи чумҳурияви дар мавзўи «Мушкилоти муосири тадриси фанҳои химиявӣ дар мактабҳои олӣ ва миёна» ва соли 2019 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ (бо иштироки олимони хориҷӣ) дар мавзўи “Истифодаи технологияҳои навин дар таълими фанҳои табиӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, бахшида ба 150 – солагии ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев ташкил ва гузаронида шудааст.

Филиал ва утоқи методии кафедраи усули таълими химия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки устодон натиҷаҳои корҳои илмӣ ва методии худро дар онҷо татбиқ мекунанд. Ҳамчунон таҷрибаомўзии педагогии донишҷўёни ихтисоси 31050102 “Химик. Омўзгор”-ро дар ҳамаи МТМУ – и шаҳри Душанбе , ноҳияҳои наздик ва дурри ҷумҳурӣ мегузаронанд.

Кафедра бо самти «Асосҳои назариявӣ-методологии навгардонӣ ва инкишофи дараҷаҳои гуногуни маълумоти илмҳои табиӣ (дар масоили муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» корҳои илмию таҳқиқотӣ мебарад.

Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра дар натиҷаи ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ – гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ «Химияи татбиқӣ ва экология» дар ҳамкорӣ бо Институти химияи АИ ҶТ ба номи В.И. Никитин, Институти илмӣ-тадқиқотии назди ДМТ, Пажуҳишгоҳи рушди Маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикситон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикситон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикситон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишгоҳи давлатии омўзгории Воронеж, Донишгоҳи давлатии омўзгории Красноярск ба номи В.П. Астафьева сурат мегирад.