КИТОБҲОИ РОҲНАМО

916

    Бо чунин унвон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корманди Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи донишгоҳ Масъудҷон Хaликов китобе нашр гардид. Китоб (Китобҳои роҳнамо: хулосаи библиографӣ) дар бораи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёти таҳлиливу иттилоотии марбут ба кору фаъолият, ташаббусу ибтикорот ва корномаҳову созандагиҳои Пешвои миллат, инчунин, дар бораи китобҳои назмиву насрие, ки дар васфи Пешвои миллат иншо шудаанд, маълумот медиҳад. Китоб бештар ҷанбаи иттилоотӣ дошта, барои оммаи васеи хонандагон тавсия гардидааст.