
Имрӯз бо ташаббуси факултети таърихи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуии “Аҳамияти байналмиллалии пешниҳоди Пешвои муаззами миллат роҷеъ ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”” баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони сохторҳои гуногуни илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимнан қайд гардид, ки 24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар Мубоҳисаҳои умумии 79-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба вазъи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддат гирифтани ҷанги сард, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳанд дошт.


Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Ояндаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба арзиши суботу оромии башарият, ҳамгироӣ ва ҳамкории судманди кишварҳои ҷаҳон ва муборизаву муқовимат бо таҳдиду хатарҳои замони муосир ҷалб намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидсозии талошҳои муштараки ҷомеаи ҷаҳониро бо мақсади ҳифзи амну субот ва таъмини рушди устувор зарур шумурда, ба сарони давлатҳо муроҷиат намуданд, ки бо мақсади дастрасӣ ба ин ҳадафҳо ва хотима бахшидан ба ҳамаи ҷангу низоъҳо ва амалисозии ҳадафҳои сулҳҷӯёна муттаҳид шаванд. Бояд таъкид намуд, ки масоили мубрами аҳли сайёраро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дода, пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад.


Пешниҳоди нави Президенти Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид заминаҳои саривақтӣ дар дарки масоили мубрами ҷомеа буда, бо ибрози андешаву пешниҳодҳои олимону донишомӯзони мамлакат роҳҳои беҳтар барои пешгирӣ ва мубориза бо чунин хатарҳо кумак хоҳад расонд. Ҳамин муҳаббату дилбастагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имрӯз чун роҳбари дилсӯз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо ном баровардаанд.