КОНФЕРЕНСИЯ: ХАТАРҲОИ ИТТИЛООТӢ

568

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар марҳилаи муосир ба марҳилаи нави таърихӣ: ҷаҳонии иттилоотӣ қадам ниҳодааст. Дар Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Тоҷикистон» таъкид мегардад, ки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ омили муҳимтарини болоравии иқтисодиёти миллӣ, афзоиши фаъолияти корию зеҳнии ҷамъият, баландшавии обрӯю эътибори мамлакат дар ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.

Ин нукта имрӯз  (09.03.2022) зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ, ки бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзӯи «Асосҳои таҳкими истиқлолияти давлатии ҶТ дар шароити афзоиши таҳдидҳо ва хатарҳои иттилоотӣ» баргузор гардид аз ҷониби иштирокчиён ироа гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Д.С. ва сардори раёсати илм Р.Наботӣ оғоз ёфт.

Таъкид гардид, ки айни замон таҳдидҳо ва хатарҳои нави ҷаҳонии иттилоотӣ зарурати роҳандозии тадбирҳои навро бо мақсади таъмин ва ҳимояи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб мекунанд. Мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳои иттилоотӣ вазифаи ҳаётан муҳимми ҳар як давлат маҳсуб мешавад.

Сипас маърӯзаҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯи нишаст  шунида шуд.