Дар кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи педагогикаи миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илми донишгоҳ Наботӣ Р. оғоз ёфт. Сипас устодони кафедра, профессорон Қодиров К. Б., Нуров А. ва дотсент Наимов З.Ҷ. оид ба масъалаҳои анъанаҳои тарбия дар эҷодиёти шифоҳии халқ, арзишҳои миллӣ дар ташаккули маърифат ва шахсияти ҷавонон, саҳми Баён Раҳимов дар таҳқиқи педагогикаи миллии тоҷик маърӯза намуданд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки илми педагогика ва мавзӯи баҳси он домани фарох дошта, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ бо пешравиҳои назаррас ноил гардид. Зикр шуд, ки таълиму тарбия ва такмили зеҳнии насли наврас масъалаи аввалинрдараҷаи соҳа дониста мешавад.
Домой Ахбор