Кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи санаи 9-уми октябри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию назариявиро дар мавзуи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва нақши он дар шинохти таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ» баргузор менамояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасй мешаванд:
- «Шоҳнома» сарчашмаи омӯзиши таърихи тоҷикон ва ақвоми ориёӣ;
- ҳисси миллию ватандӯстӣ дар «Шоҳнома»;
- «Шоҳнома» ва забони форсӣ-тоҷикӣ;
- «Шоҳнома» ва худшиносии миллӣ;
- симои қаҳрамонҳои миллӣ дар «Шоҳнома»;
- таърихи Пешдодиён дар «Шоҳнома»;
- таърихи Каёниён дар «Шоҳнома»;
- инъикоси таърихи Сосониён дар «Шоҳнома»;
- забткориҳои арабҳо дар «Шоҳнома»;
- ҷуғрофиёи таърихии «Шоҳнома»;
- вожаҳои этникӣ дар «Шоҳнома»;
- «Шоҳнома» – номаи паҳлавонӣ ва худшиносӣ;
- Эрон ва Турон дар «Шоҳнома»;
- оин, анъанаҳо ва дашнвораҳои миллӣ дар «Шоҳнома»;
- лашкар ва санъати ҳарбӣ дар «Шоҳнома»;
- тараннуми ҷавонмардӣ дар «Шоҳнома»;
- номҳои миллии ориёӣ дар «Шоҳнома».
Талабот нисбати маърузаҳое, ки барои нашр пешниҳод мегарданд
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;
– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;
– сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;
– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байни сатрӣ 1.5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
– ҳаҷми матн бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо аз 6 то 8 саҳифа (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» овардашуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);
– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа, ҷойи таҳсил, почтаи электронӣ ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 1-уми сентябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърӯзаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърузаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи аслияти матни онҳо на кам аз 70% бошанд.
Маводи конференсия нашр мешавад.
Хароҷоти рафту омад ва зист ба зимаи иштирокчиён аст.
Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Телефон: +992 501 14 99 91; +992 502 14 99 91. Почтаи электронй: shoinbek85@mail.ru