КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

4

Ҳамасола 6-уми ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар робита ба ин санаи муҳим дар сохторҳои гуногуни мамлакат чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад имрӯз (03.11.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи «Масоили конститутсионии ҳифз ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гашт.

Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ҳамагонро ба муносибати ин ҷашни муҳимми давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, чун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад. Гуфта шуд, ки дар давоми 31 соли Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтомоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.

Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Сулаймонзода Манучеҳр ҳамчун гирдгардонандаи ҳамоиш доир ба муҳиммияти баргузории конференсия ва ширкати меҳмонон аз сохторҳои марбута суханронӣ намуд.

Дар кори конференсия ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Ализода Зариф, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Иззатулло, инчунин, намояндагони парлумони кишвар, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, санади сарнавиштсозу шиносномаи давлату миллат, роҳнамои расидан ба орзую омоли халқ, заминаи низоми ҳуқуқии давлат, сарчашмаи рушди қонунгузорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳо, таъмингари соҳибихтиёрии давлат, инъикосгари қонунияту адолати иҷтимоӣ ва баёнгари ҳокимияти халқ, инчунин, таҷассумгари принсипҳои хирадсолорию инсонмеҳварӣ дар мактаби сиёсии Пешвои миллат буда, таҷлили ҷашни 31-солагии қабули он нишони арҷгузорӣ ба ин падидаи муқаддаси миллӣ аз ҷониби кулли шаҳрвандони Ватанамон маҳсуб мешавад.

Моро зарур аст, то дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳои муқаддаси миллӣ муттаҳид гардида, ба заҳмату талошҳои Пешвои миллат барои барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун арҷ гузорем ва ҳамеша ба амалҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатамон пайравӣ намоем.

Дар охир барномаи рангини омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.