КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛИРО ДАР МАВЗУИ «ТАКМИЛИ ИДОРАКУНИИ РУШДИ ИННОВАТСИОНИИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИ»

20

Кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 17-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи «Такмили идоракунии рушди инноватсионии соҳаҳои иқтисодӣ дар шароити муоси» баргузор намояд.

Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:

  • масоили илмию назариявии рушди фаъолияти инноватсионӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • такмил ва ташкили идоракунии фаъолияти инноватсионӣ дар шароити маҳдудияти захираҳо ва рушди талабот ба он;
  • мушкилот ва имкониятҳои рушди фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • махсусиятҳои танзими давлатии рушди инноватсия дар низоми иқтисоди миллӣ ва таъмини бехатарии он;
  • ҳавасмандагардонии рушди фаъолияти инноватсионӣ дар корхонаҳои комплекси аграсаноатии ҷумҳурӣ;
  • масъалаи таъминоти кадрии рушди фаъолияти инноватсионӣ дар шароити ҷумҳурии Тоҷикистон.

Талаботи пешниҳоди маърузаҳо дар шакли мақола

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А 4, ҳошияҳо аз тарафи рост 3 см, аз тарафи чап 1.5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;

– сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷои кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят, баробаркунии матн аз тарафи рост;

– сатри дуюм – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – матни асосӣ, ки дар таҳриргарӣ матнии MS Word ҳуруфчинӣ шудааст, фосилаи байнисатрӣ 1 баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с. 25] омода карда мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуюм саҳифаи он мебошанд;

– ҳаҷми матни маърӯза бо рӯйхати адабиёт набояд аз 8 саҳифа кам бошад.

Ҳамаи маърузаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ, ва англисӣ бошанд.

Дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон ва почтаи электронӣ бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд.

Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи 13-уми сентябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърузаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Маводди конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои №9, факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 918 38 57 15; +992 989 11 00 21. Почтаи электронӣ: lenin-1987@mail.ru