КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИРО ДАР МАВЗУИ «МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРӢ ВА АМАЛИИ ПУБЛИТСИСТИКАИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ МУОСИР»

45

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 1-уми майи соли соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Масъалаҳои назарӣ ва амалии публитсистикаи тоҷик дар замони муосир» баргузор намояд.

Дар конференсия масъалаҳои зер баррасӣ мегарданд:

  • масъалаҳои шинохти публитсистика ва публитсистикашиносии тоҷик дар замони муосир;
  • замина ва омилҳои таҳаввули публитсистика пас аз Истиқлоли Тоҷикистон;
  • марҳилаҳои рушди публитсистикаи тоҷик дар даврони Истиқлол;
  • масъала ва мавзуъҳои муҳимми публитсистикаи тоҷик дар пажӯҳишҳои илмӣ;
  • тасвири раванди бунёдкориҳои кишвар дар осори адибони публитсист;
  • тасвир ва таҷассуми корномаи бунёдгарони неругоҳҳои барқи обӣ дар асарҳои публитсистӣ;
  • симои шахсияти таърихӣ дар публитсистикаи муосир;
  • вижагиҳои жанрӣ ва корбурди аломатҳои тозаи жанрсоз дар матни публитсистӣ;
  • нақш ва мавқеи публитсистика дар фазои иттилоотӣ ва маърифатии кишвар.

Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда

Маводи ирсолшуда бояд пурра таҳрир гардида, ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯй бошад:

  • ҳошияҳо аз ҳамаи тарафҳо 2 см;
  • ҳуруфи шакли Times New Roman ва Times New Roman Tj, фосилаи байнисатрҳо – 1.5, андоза – 14. ҳаҷми маърӯзаҳо – то 15 саҳифа.
  • сатри якум – ҳарфи аввали ном ва номи падар, насаби муаллиф, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, ҷойи кор (таҳсил), дар қавс шаҳр, вилоят, баробаркунии матн аз тарафи рост;
  • сатри дуюм – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
  • сатри сеюм – матни асосӣ; истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин аст;
  • рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз унвони «АДАБИЁТ» зикр гардида, бо тартиби алифбо таҳия мегардад; ишора ба иқтибос дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с. 17] зикр мешавад, ки дар ин ҷо рақами аввал – рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум – саҳифаи он мебошанд;
  • ҳамаи маърузаҳои конференсия, ки бо шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд.
  • – дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон ва почтаи электронӣ бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд;

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то 8 апрели соли 2025 ба кумитаи тадорукот пешниҳод шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникаро дорад ва метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё ба риояи талаботи техникаи пешниҳодгардида омода карда нашудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводе, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то санаи 15-уми апрели соли 2025 бозпас ирсол карда шаванд. Маърузаҳо ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи аслияти матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои 11, ошёнаи дуюм, факултети журналистика, кафедраи матбуот.

Телефон: +992 918 50 52 11; +992 904 01 01 10; Почтаи электронӣ: narmin04@mail.ru