Кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 2-юми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Объектҳои ҳуқуқи маданӣ: тамоили инкишоф ва ҳифзи ҳуқуқӣ» баргузор намояд.
Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд:
- нақши Конститутсия ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муайян ва танзим намудани объектҳои ҳуқуқи маданӣ;
- объектҳои ҳуқуқи маданӣ: мафҳум ва аломатҳои фарқкунанда;
- объектҳои танзими ҳуқуқи маданӣ, ки муомилоти онҳо озод мебошанд;
- объектҳои ҳуқуқи мадание, ки муомилоти онҳо маҳдуд мебошанд;
- объектҳое, ки муомилоти мадании онҳо манъ шудааст;
- нақши мақомоти судӣ дар таъмини риояи ҳуқуқҳои ашёӣ;
- масъалаҳои бақайдгирии давлатии молумулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
- нақши мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ дар таъмини истифодаи қонунии қитъаи замин;
- масъалаҳои мубрами сохтмони худсарона;
- аҳаммияти активҳои рақамӣ дар муомилоти маданӣ;
- пулҳои рақамӣ ва масъалаҳои танзими ҳуқуқии онҳо;
- ҳуқуқҳои молумулкӣ ҳамчун объекти хоссаи ҳуқуқи маданӣ;
- нақши иттилооти ҳифзшаванда дар рушди иқтисоди рақамӣ;
- тухмҳуҷайра, бофтаҳо ва узвҳои инсон дар низоми объектҳои муомилоташ маҳдуд.
ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД
Мақола ва ё фишурда (тезис) ба кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад:
- Ба мақола/фишурда (тезис) бояд маълумот дар бораи муаллиф(он) бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ замима шаванд.
- Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.
- Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. Doc
- Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 20 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва магистрон) бошад.
- Ҳаҷми фишурда (тезис) бояд на кам аз 5 саҳифа бошад.
- Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.
- Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.
- Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қисми болоии матн оварда мешаванд, масалан: Ҳамчуноне ки аз ҷониби Ф.М. Шоев ишора гардидааст, «чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…»1.
- Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад. Поварақ (ҳам дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода мешавад.
- Дар дохилӣ матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.
- Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.
- Барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матн (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.
Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори конференсия имконпазир аст. Хароҷоти роҳ, истиқомат ва хӯрду хӯрок аз ҳисоби худи иштироккунанда ё ҷониби равонкунанда мебошад. Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.
Забони кори конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоед.
Ҳамаи маърузаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, барои ворид намудан ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНС) бояд дорои аннотатсия ва калидвожаҳо ба забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бошанд.
Барои иштирок дар кори конференсия то 1-уми сентябри соли 2025 дархост (замимаи 1) ва шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола (замимаи 2) қабул карда мешаванд.
Дархосте, ки баъд аз 1-уми сентябри соли 2025 ирсол карда мешавад, баррасӣ намегардад.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи амалисозии таҳрири техникиро дошта, метавонад мақолаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда нашудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маводе, ки барои ислоҳ ва пуррагардонӣ ба муаллифон баргардонида шудаанд, бояд то санаи 1-уми сентябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шаванд.
Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: shukrullo67@mail.ru
Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонӣ: +992 935 10 38 62 дар тамос бошед.