Кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 15-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Ҳофизи Шерозӣ ва рушди забони адабии тоҷикӣ дар асри XIV» баргузор намояд.
Дар конференсия масъалаҳои зер мавриди баррасӣ қарор мегиранд:
- Ҳофизи Шерозӣ ва масъалаҳои рушди забони адабии тоҷикӣ дар асри XIV;
- вижагиҳои забони адабии тоҷикӣ дар осори шоирони ҳамасри Ҳофизи Шерозӣ;
- сабк ва услуби эҷодии Ҳофизи Шерозӣ;
- таъсирпазирии Ҳофизи Шерозӣ аз забони осори шоирони пешин;
- таъсири забони осори Ҳофизи Шерозӣ ба осори шоирони асрҳои минбаъда;
- навовариҳои Ҳофизи Шерозӣ дар забони ғазал;
- ҳунари вожаофаринии Ҳофизи Шерозӣ ва такмили забони адабии тоҷикии асри XIV;
- воҳидҳои фразеологӣ ва вижагиҳои маъноию услубии онҳо дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
- ифодаҳои маҷозӣ – унсури муҳимми муассирии забони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
- вижагиҳои калимасозӣ ва морфологии ашъори Ҳофизи Шерозӣ;
- вижагиҳои наҳвии ибораҳо, ҷумлаҳои сода ва ҷумлаҳои мураккаби ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
- зарбулмасалу мақолҳо ва тобишҳои маъноии онҳо дар ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
- Ҳофизи Шерозӣ – устоди забони ғазал;
- афкори забоншиносӣ дар бораи забони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ;
- тарҷума ва баррасии типологию муқоисавии забони ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ бо забонҳои дигар;
Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Риояи меъёрҳои нигориши мақолоти илмӣ – чакида (аннотатсия), калидвожаҳо ва маълумот дар бораи муаллиф (ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ҳатмист.
Мавод бояд ҷое нашр нашуда бошад.
Ҳаҷми мақола бояд аз 9-10 саҳифа зиёд набошад.
Мақола бо ҳуруфи Times New Roman, андозаи ҳарф 14 ва фосилаи байни сатрҳо 1,5 см ҳуруфчинӣ гардад.
Гузиниш ва таъйиди мақолаҳо бар уҳдаи масъулони илмии конференсия аст.
Ҳамаи маърузаҳои конференсия, ки ба шакли мақола ба чоп тавсия мешаванд, ба Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ворид мегарданд.
Муҳлати охири қабули мавод – 15-уми сентябри соли 2025.
Маводи конференсия дар шакли маҷмуаи мақолаҳои илмӣ ба табъ мерасад.
Ҳазинаи ширкат дар конфронс бар дӯши иштирокдорон аст.
Суроға: ш. Душанбе, Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ, бинои таълимии №10, ошёнаи 5-ум, кафедраи таърихи забон ва типология.
Телефон: +992 907 72 47 06; +992 918 88 88 32. Почтаи электронӣ: khkamolov@gmail.com