Кафедраи журналистикаи байналхалқии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 7-уми октябри соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Равандҳои муосири журналистикаи байналхалқӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор намояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
- махсусиятҳои ВАО-и муосири байналхалқӣ;
- таҳаввулот ва дурнамои журналистикаи байналхалқӣ;
- мушкилоти журналистикаи байналхалқӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ;
- инъикоси масоили глобалӣ дар ВАО-и байналхалқӣ ва миллӣ;
- симои Тоҷикистон дар ВАО-и байналхалқӣ;
- нақши ВАО-и байналхалқӣ дар ҷангҳои иттилоотии муосир;
- мақоми жанрҳо дар журналистикаи байналхалқӣ;
- мушкилоти омодасозии кадрҳо барои ВАО-и байналхалқӣ;
- шарҳ ва таҳлили авзои олам дар ВАО-и байналхалқӣ.
Талабот нисбат ба маърузаҳое, ки барои нашр пешниҳод мегарданд
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;
– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;
– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;
– сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бобаробаркунии матн дар байни саҳифа;
– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байни сатрӣ 1.5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
– ҳаҷми матн бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо аз 6 то 8 саҳифа (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;
– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» овардашуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);
– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа, ҷойи таҳсил, почтаи электронӣ ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
Дархост барои иштирок ва матни маърӯза бояд то санаи то 5 сентябри соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърӯзаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи аслияти матни онҳо на кам аз 70% бошанд.
Маводи конференсия нашр мешавад.
Хароҷоти рафту омад ва зист ба зимаи иштирокчиён аст.
Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои 10, факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Телефон: +992 882 08 08 30, +992. 907 30 70 35. Почтаи электронӣ: zbsh@list.ru