Кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 29-уми апрели соли 2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Таҳлили омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии рушди ҷомеаи пасошуравии Тоҷикистон» баргузор намояд.
Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
- ҳсилот – омили рушди ҷомеаи пасошуравии Тоҷикистон;
- ҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқии рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон;
- авонон ҳамчун омили рушди неру ва сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қши он дар рушди ҷомеа;
- ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳҳои мубориза ба экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон;
- ҳиш додани сатҳи камбизоатӣ – омили ташкили зиндагии шоистаю сазовари шаҳрвандони Тоҷикистон;
- ҳои иҷтимоӣ;
- ҳамчун институти иҷтимоишавии ҷавонон;
- қши он дар рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон;
- ҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ;
- ҳои фарҳангии рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон.
Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап ва рост 2 см, боло ва поён 2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14;
- сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- матни маърӯза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
- ҳаҷми матни маъруза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с. 25; 5, с. 33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
- рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ»оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
- баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);
- дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, бо андозаи 14 (бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ).
Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 15 апрели соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.
Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.
Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърӯзаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад.
Маводи конференсия нашр мешавад. Мавзуи баррасишавандаи маъруза бояд дар ягон конференсияи дигар ироа нашуда бошад. Гузоришҳои илмие барои чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи аслияти матни онҳо на кам аз 70% бошад.
Хароҷоти рафту омад ва зист ба зимаи иштирокчиён аст.
Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, кафедраи сотсиологияи факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бинои №15).
Телефон: +992 906 11 38 11; +992 937 33 33 11; Почтаи электронӣ: nematullo.shoyev@mail.ru