КОНФРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛИРО ДАР МАВЗУИ «МАСОИЛИ МУБРАМИ РУШДИ СОҲАИ ТУРИЗМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР»

13

Кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 23-юми сентябри соли 2025 конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзуи «Масоили мубрами рушди соҳаи туризм дар шароити муосир» баргузор намояд.

Масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор мегиранд:

  • таъсири рақамикунонии иқтисодиёт ба соҳаи туризм;
  • таҳлили таъсири глобализатсия ва равандҳои ҷаҳонӣ ба соҳаи туризм;
  • масоили устувории экологӣ дар туризм ва роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии он ба муҳити зист;
  • тағйироти иқлим ва таъсири он ба соҳаи туризм;
  • рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ: роҳҳои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баромадани истеҳсолкунандагони хидматҳои туризми Тоҷикистон;
  • истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ дар соҳаи туризм;
  • технологияи нав ва ҷаҳони рақамӣ дар туризм.

Талабот нисбати маърузаҳои барои чоп пешниҳодшаванда

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботҳои техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи 14;

– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ – 1.5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маъруза бо формула, расм, ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маърӯза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 14);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забони маърӯзаи пешниҳодшуда);

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 30-уми июни соли 2025 ба Кумитаи тадорукот супорида шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ ва русӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бе риояи талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърӯзаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Маводи конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зимаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, Шаҳраки донишҷӯён, бинои №8, факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Телефон: +992 939 41 30 20; +992 006 55 05 14. Почтаи электронӣ: fezilobek@mail.ru