КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ ҶОМЕА

495

5 ноябр бахшида ба 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо ибтикори ҲХДТ, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Заминаи таҳким ва рушди асосҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор оид ба муҳиммияти Конститутсия суханронӣ карда, афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

Дар идома ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Хушвахтзода Қобилҷон доир ба таърихи қабули Конститутсия баромад намуда, зикр намуд, ки санади мазкур дар марҳилаи барои халқи тоҷик тақдирсоз ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, роҳи минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян ва марҳилаи навбатии рушду инкишофи Тоҷикистонро оғози тоза бахшид.

Академики АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ Маҳмудзода Маҳкам Аъзам доир ба «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-қонуни асосии давлат ва ҷомеа» маърӯза намуда, Конститутсияро ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту ормонҳои халқи Тоҷикистон маънидод намуда, зикр сохт, ки бобати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин санади олии ҳуқуқӣ, маҳз дар асоси ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.

Ҳамзамон, дар кори конференсия вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Меликзода Парвина доир ба мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оғози давлатдории тоҷикон», муовини аввали директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Соҳибзода оид ба мавзӯи «Нақши меҳварии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди низоми қонунгузорӣ», ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбоз Шоҳсаидзода роҷеъ ба мавзӯи «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ – дастоварди бузурги миллат» ва Перӯза Қирғизбекова донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба «Ҷавонон дар меҳвари мактаби давлатдории Пешвои миллат» маърӯзаҳо намуданд.