КОРРУПСИЯ – ХАТАРИ ОЯНДАСӮЗ

288

Дар ҳамаи давру замонҳо ҳадафу мақсади аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он бунёд ва ҳифзи рӯзгори осоиштаи халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале баҳри расидан ба ин аҳдоф уқдаҳои печида ва монеаҳои ғайричашмдошт пеш меоянд, ки барои рафъи он кӯшишу талошҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз инсоният дар арсаи хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили экстремизму терроризм, паҳншавии маводи мухаддир ва амсоли инҳо қарор дорад. Айни замон ба гурӯҳи ин хатарҳои ояндасӯз коррупсия зам шудааст. Дар ин радиф коррупсия низ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ решаҳои амиқ давондааст, ки аз хатарҳои зикршуда тафовуте не, балки ба онҳо алоқамандии зич дорад.

 Мавзӯи мазкур имрӯз (05.05.2022) дар чорабине, ки бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Турсунзода Ш., Бойзод Х., А.Шарипов ва Турсунзода С. миёни устодону донишҷӯёни факултетҳои дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ воқеъбуда доир шуд, мавриди таҳлил қарор гирифт. Меҳмонон иброз доштанд, ки коррупсия хатари ояндасӯз буда, барои рафъи он кори дастаҷамъона лозим аст.

Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи таъминоти ҳуқуқи донишгоҳ доир гардид.