КУМАКҲОИ МОДДИЮ МАЪНАВӢ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ШАҲРИ ҲИСОР

208

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ибтикори хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.

Маҳз ҳамин аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯзҳо дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳолӣ ҳамчун кори хайру савоб дасти кумак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Дар идомаи ин иқдомҳо, имрӯз (06.09.2024) ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ва намояндагони сохторҳои мухталифи Донишгоҳ дар арафаи истиқболи Истиқлоли давлатӣ ба Мактаб-интернати низомаш махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ташриф оварда, ба онҳо кумакҳои моддӣ-маънавӣ расониданд. Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуда, зикр карданд, ки Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ ба ин сиёсат пайваста бо ҳиммату масъулияти баланд дар ин самт саховату мурувват нишон медиҳад.