КУМАКИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА КОРМАНДОНИ БАХШИ ХОҶАГИДОРӢ ДАР ОСТОНАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

249

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба донишҷӯёни ятиму имконияти маҳдуддошта ва омӯзгорону кормандони ниёзманд, иловатан дар остонаи ҳар иду ҷашнвораҳо кумакҳои саривақтӣ мерасонад.

Имрӯз аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х.  ба зиёда аз 500 нафар, аз қабили омӯзгорони соҳибтаҷриба ва бознишаста, фаррошону комендантони донишгоҳ, ки ҳамарӯза баҳри тозагиву озодагии ин боргоҳи илму маърифат заҳмат мекашанд, маводи аввалияи яквақтаинаи ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, шакар, макарон, пиёз ва биринҷ тақдим карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳар иду ҷашнҳо ба ин қишри ниёзманд кӯмакҳои пуливу молӣ мерасонад.