Курсҳои такмили ихтисос дар Маскав

998

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба таваҷҷуҳи устодону кормандон мерасонад, ки Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ва Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав дар доираи барномаи таълимии “Омӯзонидани усулҳои таълим ба муҳандисон” устодону кормандонро барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос даъват менамояд. Донишгоҳ устодонро бо макони зист ва маводи хониш таъмин менамояд.

Дигар намуди хароҷотҳо ба барнома дохил набуда, аз ҳисоби иштирокчиён пардохт карда мешаванд.

Барномаи курсҳои такмили ихтисос дар якчанд давраҳои муайян гузаронида мешаванд ва устодон метавонанд худ интихоб намоянд:

  1. 13.04.2020 – 19.04.2020;
  2. 18.05.2020 – 24.05.2020;
  3. 08.06.2020 – 14.06.2020;
  4. 12.10.2020 – 18.10.2020;
  5. 09.11.2020 – 15.11.2020.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти муфассал ва машварат, ба бахши таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳои Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ муроҷиат намоянд.