КУРСИ НАВБАТИИ «САРВАРОНИ СИЁСӢ» БО ИШТИРОКИ МУҲАММАД АБДУРАҲМОН НАВРӮЗ ДАР ДМТ

199

Ташкил ва баргузор намудани курси «Сарварони сиёсӣ», бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, муттаҳидии донишҷӯёни фаъол ва таҳсилоти муносиб барои онҳо, дастгирии ташаббуси донишҷӯёни фаъол, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷавонон, рафъи мушкилоти онҳо дар раванди таҳсил ва мутобиқшавию рушду такомули онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Бо ин мақсад, имрӯз (31.10.2023) дар бинои марказӣ курси навбатии «Сарварони сиёсӣ» бо иштироки ноиби президенти АМИТ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз доир гардид.

Баргузории курси омӯзишии “Сарварони сиёсӣ” ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки дарси сарвариро бевосита бо иштироки роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ оид ба мактаби давлатдории Сарвари давлати тоҷикон омӯзанд ва донишҷӯёнро ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар ва арҷу эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Ватан бештар ошно созанд.

Таъкид гардид, ки дар таърихи навини халқи тоҷик дар шахси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбаре зуҳур намуд, ки мақоми олии давлатиро бо сиёсатмадории дурандешонаи худ баланд бардошт. Ба ин муносибат суханони ҳикматноки донишманди асри ХVII Фаронса Жан де Лабрюойерро овардан ба маврид хоҳад буд: «Одами қоматбаланд ва қавӣ, бо шонаҳо ва синаи фарох бори гаронеро ба осонӣ ва чобукона мебарад, як дасташ низ озод аст.

Одами майдаро ними чунин бор маҷақ мекунад. Вазифаҳои баланд низ чунинанд: онҳо одамони бузургро боз ҳам бузургтар ва одамони ночизро боз ҳам ночизтар мекунанд».

Зимнан таъкид шуд, ки таҷриба нишон медиҳад, ки дар масири пурпечутоби давлатдорӣ ва ҳаёти сиёсӣ на ҳама сарварони сиёсӣ дар роҳи хидмат намудан ба ҷомеа ва халқи хеш пирӯз мешаванд.

Маҳз ҷасорат ба сарвари сиёсӣ имкон медиҳад, ки барои ҷомеа ва халқи худ хидмати шоиста намуда бошанд.