КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ «ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ ТИББӢ»

140

Дар назди Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисос аз рӯйи равияи «Педагогика ва психологияи тиббӣ» ба роҳ монда шуд.

Дар курси мазкур 53 нафар омӯзгорони факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷалбгардиданд. Шунавандагоне, ки барномаро таълимиро пурра аз худ намудаанд, бо диплом сарфароз гардонида шуданд.

Дар маросими тақдими дипломҳо директори Донишкада, дотсент Маҳмадизода Файзалӣ ва декани факултети тиббии Донишгоҳ Алихон Иззатуллоев иштирок доштанд.