КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ РӮЙИ РАВИЯИ “УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ”

139

Омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгуй ба талаботҳои байналмилалӣ ва боло бурдани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамеша дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Мусаллам аст, ки боло рафтани сатҳи таълим ва сифати таҳсилот аз сатҳи донишу малакаи касбӣ ва пайваста ташаккул додани салоҳиятнокии касбии кормандону омӯзгорон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои самарабахши ташаккули дониш ва салоҳиятнокии кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути ба роҳ мондани такмили ихтисоси онҳо маҳсуб меёбад.

Дор доираи нақша чорабиниҳои Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ, курси такмили ихтисос аз руйи равияи “Усулҳои фаъоли таълим” доир гардид. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам –Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, МД “Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов” фаъолона иштирок намуданд.

Барои тадриси олимони соҳибмактаб ва соҳибунвон, аз қабили профессор Юнусова Н., дотсентон Назирӣ Л., Мавлоназаров С., Латифзода С. ҷалб шуданд.

Курси мазкур аз санаи 18 декабри соли 2024 то санаи 06 январи соли 2025- ро дарбар гирифта дар умум 21 нафар шунавандагон соҳиби диплом гардиданд.