КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МИНТАҚАИ РАШТ

275

Дар робита ба иҷрои дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Р.Ҳ.Саидзода ва мусоидати ректори ДМТ профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо мувофиқа бо раёсати Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар пояи донишкадаи мазкур курси такмили ихтисоси «Диншиносии илмӣ» барои омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии ин минтақа баргузор гардид. Дар курси мазкур беш аз 50 нафар омўзгорон аз Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Коллеҷи омўзгории ноҳияи Рашт ва Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт иштирок ва такмили ихтисос намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи курси мазкур аз ҷониби омўзгорони донишкада барои кормандони раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар мавзўи «Терроризм ҳамчун вабои аср» ва барои кормандони шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Исломгароӣ ва фоҷиаи инсон дар кишварҳои Шарқи миёна (дар мисоли Афғонистон ва Покистон)» машғулияти лексионӣ ташкил карда шуд.

Пас аз итмоми курси такмили ихтисос аз ҷониби роҳбарияти ДТИОМТОК назди ДМТ ва раёсати ДОТ дар ноҳияи Рашт ба шунавандагон-омўзгороне, ки нақшаи таълимиро пурра аз худ намуда буданд, бо гувоҳнома сарфароз гардонида шуданд.

Раёсати ДТИОМТОК назди ДМТ барои муҳайё намудани шароити мусоид барои ташкил ва баргузор намудани курси такмили ихтисоси «Диншиносии илмӣ» ба роҳбарияти Доникадаи омўзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, алалхусус ба ректор, дотсент М.Раҷабзода изҳори сипос менамояд.