КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР МТОК ХУҶАНД

135

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна (МТМ) ва олии касбӣ (ОК) давра ба давра курсҳои такмили ихтисосро дар пояи донишкада ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар маркази вилоятҳо баргузор намуда истодааст.

Донишкада дар радифи курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ, ҳамчунин курсҳои такмили ихтисоси ғайритахассусиро низ баргузор менамояд. Айни ҳол дар пояи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров 2 курси такмили ихтисоси ғайритахассусии”Педагогика ва пихология” ташкил карда шудааст, ки дар он ба ҷузъ аз омӯзгорони ин ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, инчунин Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон, иштирок доранд.

Дарсхо то 05.01.2024 идома меёбанд.