Имрӯз (23.04.2020) бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар назди хобгоҳи №7-и донишгоҳ, ки донишҷӯдухтарон истиқомат мекунанд, Маркази таълимӣ-иттилоотӣ кушода шуд. Дар ифтитоҳи Марказ ректори донишгоҳ суханронӣ намуда, афзуд, ки «Раёсати донишгоҳ дар амалисозии сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешоҳанг буда, дар самти дастгирии духтарони болаёқат таваҷҷуҳи хосса дорад».
Бояд гуфт, ки Марказ дар доираи лоиҳаи «Муҳити бароҳати таълимӣ – калиди бомуваффақияти таҳсилот» ташкил карда шуд. Мақсади асосии лоиҳа фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои донишҷӯдухтарони дар хобгоҳҳо истиқоматдошта, инчунин, аз худ намудани донишҳои замонавӣ, аз қабили омӯзиши забонҳои англисӣ, хитоӣ, русӣ, инчунин, донишҳои компютерӣ, бозиҳои шоҳмот ва тенис, бархурдор шудан аз маърифати оиладорӣ, риояи гигенаи шахсӣ ва васеъ намудани имкониятҳои ба кор таъминшавии духтарон мебошад.
Марказ таълимӣ-иттилоотӣ аз синфхонаҳои компютерӣ, омӯзиши забонҳо, шашкаву шоҳмот, утоқи ҷомашӯйӣ ва ошхонаи замонавӣ иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар ифтитоҳи марказ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М., муовини ректор оид ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёт Райҳонов Р.Н. ва дигар шаҳсони масъул иштирок намуданд.