КУШОДАШАВИИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА БЕХАТАРИИ МОЛИЯВӢ

426

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши илмҳои даққиқу табиатшиносӣ ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуд. Аввалин маротиба дар донишгоҳ давоми се рӯз дар се давр (16-18.05.2022) олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ доир мегардад.

Имрӯз (16.05.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён маросими ифтитоҳии олимпиадаи мазкур бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С. М. доир гардид.

Дар оғоз профессор Сафармамадзода С.М. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки баргузории олимпиадаи мазкур дар партави эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ҳамбастагӣ дошта, барои бехатарии молиявӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ шароит фароҳам меоварад. Дар зимн оид ба ҷараёни баргузории олимпиада маълумот дода, изҳор дошт, ки тамоми шароит дар донишгоҳ барои баргузории олимпиада фароҳам оварда шудааст. Гуфта шуд, ки дар ҷамъбаст ба ғолибон мукофотҳо супорида шуда, рӯйхати ғолибон ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегардад ва онҳо имкони иштирок дар даври финалии Олимпиадаи Сириуси Федератсияи Россияро пайдо менамоянд.